ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Эълон оид ба навсозии ҳуҷҷатҳои экологию иҷтимоӣ (E&S Instruments)

 

Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ (ГТЛ СИЭ) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки муҳлати баррасии ҳуҷҷатҳои навшуда оид ба масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоии Лоиҳаи Неругоҳи барқи обии Роғун тамдид карда шудааст.

Ин эълон ҳамчун идомаи огоҳиномаи қаблӣ, ки муҳлати баррасии онҳо то 12 сентябри соли 2025 муқаррар шуда буд, нашр мегардад ва раванди идомадори навсозӣ ва баррасии ҳуҷҷатҳои зеринро инъикос менамояд:

• Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ (АТЭИ/ESIA)
• Нақшаҳои идоракунии экологӣ ва иҷтимоӣ (НИЭИ/ESMP)
• Нақшаи амалиёти кӯчонидан – марҳилаи 2 (НАК/RAP 2)
• Нақшаи барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронӣ – марҳилаи 2 (LRP 2)
• Нақшаи ҷалби ҷонибҳои манфиатдор (НҶҶМ/SEP)

Нусхаҳои навшудаи ин ҳуҷҷатҳо ба забонҳои англисӣ, тоҷикӣ ва русӣ барои шиносоӣ ва боргирӣ дар сомонаи зерин дастрас мебошанд: https://energyprojects.tj

Мо аз ҳукуматҳои кишварҳои ҳамсоя, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, шахсони манфиатдор ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд хоҳиш дорем, ки фикру мулоҳиза ва тавсияҳои худро дар бораи ин ҳуҷҷатҳо ба мо пешниҳод намоянд.

Тамоми тавзеҳот ва пешниҳодҳое, ки то 30 ноябри соли 2025 ба таваҷҷуҳи мо ворид мегарданд, дар раванди ниҳоии баррасӣ ва навсозии ҳуҷҷатҳо оид ба масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоӣ ба таври муносиб баррасӣ хоҳанд шуд.

Ҷонибҳои манфиатдор метавонанд шарҳу пешниҳодҳои худро ба яке аз роҳҳои зерин ирсол намоянд:

Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ (ГТЛ СИЭ)

кӯчаи Шамсӣ 5/1, ошёнаи 6, шаҳри Душанбе, 734064, Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавзӯъ: E&S Instruments Comments

  • Шахсан ба: хонум Санавбар Шерова, мутахассиси робита бо ҷомеа, ГТЛ СИЭ

Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳо миннатдории худро ба ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор барои таваҷҷуҳ ва иштироки фаъолона дар ин раванд изҳор менамояд ва умедвор аст, ки пешниҳоди шумо барои такмили минбаъдаи ин раванд мусоидат хоҳад кард.

 

Ҳисобкунак

Flag Counter