Нақшаи иловагии идоракунии экологӣ ва иҷтимоӣ барои сохтмони роҳ дар соҳили чап
Нақшаи иловагии идоракунии экологӣ ва иҷтимоӣ (НИИЭИ) барои лоиҳаи сохтмони роҳи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун (НБО) дар соҳили чап нашр гардид.
Дар ҳуҷҷат талаботҳои экологӣ ва иҷтимоӣ ва чораҳои идоракунии хатар барои сохтмони роҳи нав ва инфрасохтори марбут ба он муайян карда шудааст. Зарурати таҳияи нақшаи алоҳида аз сабаби суръати баланди ҷадвали корҳои роҳ ва хусусиятҳои ташкилии онҳо дар муқоиса бо сохтмони асосии НБО ба миён омадааст.
Сохтмони роҳ барои таъмини маҳалҳои аҳолинишин дар соҳили чапи обанбор бо нақлиёти бехатар ва дар ҳама фасли сол ҳангоми пуркунии марҳилавии обанбор ва аз даст додани пулҳои мавҷуда дар болои дарёи Вахш равона шудааст. Масири нав масофаро кӯтоҳ карда, бехатарии ҳаракати нақлиётро беҳтар мекунад ва пайвастагии устуворро бо шабакаи роҳҳои соҳили рост таъмин мекунад.
Ҳуҷҷати мазкур (НИИЭИ) барои ҳифзи муҳити зист, бехатарии саноатӣ, ҳифзи меҳнат, ҳамкорӣ бо аҳолии маҳаллӣ ва баррасии шикоятҳои шаҳрвандон талаботҳоро муқаррар мекунад. Ҳуҷҷат мувофиқи стандартҳои байналмилалии ҳифзи экологӣ ва иҷтимоӣ таҳия шудааст ва барои таъмини шаффофият ва огоҳии ҷомеа нашр мешавад.





