ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сармоягузориҳои иҷтимоӣ ва стандартҳои баробарии гендерӣ дар лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун

 

Лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба баробарии гендерӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мутобиқи стандартҳои экологӣ ва иҷтимоии лоиҳа диққати махсус медиҳад. Дар баробари сохтмони инфрасохтори энергетикӣ, барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, дастгирии ҷамоатҳои зарардида ва риояи талаботи муосири экологӣ ва иҷтимоӣ мунтазам чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Нақшаи амали гендерӣ (НАГ) дар фаъолиятҳои иҷтимоии лоиҳа нақши муҳим бозида, ҳадафи он ҳифзи ҳуқуқҳо ва тавонмандсозии занон, духтарон ва гурӯҳҳои осебпазир мебошад. Ҳуҷҷати мазкур айни замон амалӣ шуда истода, иштироки фаъоли занонони ҷамоатҳои зарардидаро дар ҳаёти ҷамъиятӣ, дар таъмини дастрасии баробар ба ҷойҳои кории холӣ, дар гирифтани омӯзиши касбӣ ва рушди малакаҳо пешбинӣ мекунад.IMG 20250905_090316

Барои фароҳам овардани муҳити кори бехатар ва боэҳтиром дар ҷойҳои сохтмон ва ҷамоатҳои маҳаллӣ, сиёсати таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ҳама шакли табъиз, зӯроварӣ ва истисмор амалӣ карда мешавад. Нақшаи идоракунии экологӣ ва иҷтимоии лоиҳа (ESMP) ҷалби мутахассисони иҷтимоиро пешбинӣ мекунад, ки доираи фаоъолияти онҳо баррасии масъалаҳои гендериро низ дар бар мегирад. Яке аз вазифаҳои асосии ин мутахассисон таъмини механизми шаффофи шикоятҳо, аз ҷумла имконияти пешниҳоди шикоят бе қайди ном ва баррасии шикоятҳои ҳассос мебошад.

Ин барои таъмини амнияти гендерӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занон махсусан муҳим аст. Ин равиш пурра бо талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баробарии гендерӣ ва ҳуқуқи занон, инчунин бо таҷрибаҳои беҳтарини байналмилалӣ дар соҳаи амнияти гендерӣ ва ҳуқуқи инсон мувофиқат мекунад.

Кафолатҳои иҷтимоии лоиҳа нақшаҳои ҳамаҷонибаи кӯчонидан ва барқарорсозии воситаҳои зиндагиро дар бар мегиранд, ки барои таъмини хонаводаҳои зарардида бо ҷуброни одилона, манзили босифат ва шароити устувори зиндагӣ дар макони навашон равона шудаанд. Кӯчонидан на танҳо ҳамчун раванди техникӣ, балки ҳамчун барномаи рушди иҷтимоӣ, ки дастрасӣ ба инфрасохтори муосир, аз қабили мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ ва системаҳои таъминоти обро таъмин мекунад, баррасӣ мешавад.

Ба барқарорсозӣ ва тақвияти даромади оилаҳо диққати махсус дода мешавад: барои таъмини омӯзиши касбӣ, дастгирии шуғл ва рушди тиҷорати хурд чораҳо амалӣ карда мешаванд. Машваратҳои мунтазами ҷонибҳои манфиатдор қисми муҳими лоиҳа буда, кафолат медиҳанд, ки фикру ақидаи сокинон ҳангоми қабули қарорҳо ба назар гирифта шаванд.

Ғайр аз ин, Барномаи муштараки манфиатҳо амал мекунад, ки як қисми даромади лоиҳаро ба афзалиятҳои иҷтимоӣ ва давлатӣ, аз ҷумла дастгирии гурӯҳҳои осебпазир, ҷудо мекунад ва бо ин васила рушди дарозмуддати минтақаҳои лоиҳаро пеш мебарад.

Лоиҳаи НБО-и Роғун бар асоси принсипҳои муколамаи ошкоро сохта шудааст, ки ҳангоми қабули қарорҳои калидӣ андешаи ҳамаро ба назар мегирад.

«Мо на танҳо сарбанд, балки як экосистемаи нави иҷтимоиро эҷод мекунем, ки дар он рушди иқтисодӣ бо некӯаҳволии ҳар як оилаи зарардида, инчунин бо таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи одамоне, ки ҳам мустақиман ва ҳам бавосита аз татбиқи лоиҳа таъсир мебинанд, алоқамандии ногусастанӣ дорад».

Ҳисобкунак

Flag Counter