ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Аз арзёбӣ то амал: Нақшаи амал оид ба масъалаҳои гендерӣ барои нерӯгоҳи барқи обии Роғун

 

Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳо (ГТЛ) бо мақсади муаррифӣ кардани натиҷаҳои арзёбии гендерӣ ва Нақшаи амали гендерӣ (НАГ) рӯзҳои 12 ва 19 феврали соли 2026 ҷаласаҳои шиносоӣ баргузор намуд. Дар ҷамомадҳо 36 корманди калидии лоиҳа (15 зан ва 21 мард) - аз ҷумла намояндагони ҶСК “Роғун”, Мудирияти минтақаи зериобшаванда (ММЗ) ва ГТЛ: роҳбарон, кормандони шуъбаи кадрҳо, мутахассисони иҷтимоӣ ва гендерӣ, инчунин мутахассисон оид ба ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣширкат варзиданд.

Дар ин вохӯриҳо иштирокчиёнро бо натиҷаҳои асосии арзёбии гендерӣ, хатарҳо ва тавсияҳои муайяншуда, инчунин фаъолиятҳои банақшагирифташуда, нишондиҳандаҳо ва ӯҳдадориҳои ташкилот, ки дар нақшаи амали гендерӣ (НАГ) зикр шудаанд, шинос карданд. Ҷасласаҳои мазкур огоҳии кормандонро дар бораи масъалаҳои баробарии гендерӣ ва тақвияти имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоии занон дар доираи лоиҳа баланд бардошданд.

Муаррифӣ методологияи арзёбӣ ва натиҷаҳои пурсишҳоро, ки дар 900 хонаводаҳои ноҳияҳои Роғун, Нуробод ва Файзобод баргузор карда шуда буданд, дар бар гирифт. Хамчунин натиҷаҳои муҳокимарониҳо дар гурӯҳҳои мақсаднок, ки бо занон аз ҷамоатҳои кӯчонидашуда гузаронида шуданд, муаррифӣ карда шуданд. Арзёбии гендерӣ ва Нақшаи амал мувофиқи Чаҳорчӯбаи экологӣ ва иҷтимоии Бонки Ҷаҳонӣ (2018), ки ҳадафи он кам кардани тафовутҳои гендерӣ, коҳиш додани камбизоатӣ ва дастгирии рушди устувори иқтисодӣ мебошад, таҳия карда шуданд.

Иштирокчиён бо истилоҳоти калидӣ дар соҳаи баробарии гендерӣ, талаботи байналмилалӣ ва қонунгузории ҷории миллӣ шинос карда шуданд. Стратегияҳо ва имкониятҳои шарикии мавҷуда барои пешгирӣ ва ҳалли самараноктари масъалаҳои гендерӣ ҳангоми татбиқи лоиҳа муҳокима карда шуданд. Ҳамчунин иштирокчиён дар бораи чораҳои калидӣ, ки барои пешгирӣ ва сабуктар намудани хатарҳои гендерӣ ва оқибатҳои он пешниҳод шудаанд, инчунин дар бораи хидматҳои мавҷудаи дастгирӣ ва механизми миллӣ барои роҳнамоӣ дар масъалаҳои гендерӣ дар сатҳи маҳаллӣ огоҳ карда шуданд.

Амалҳо ва тавсияҳои асосӣ аз унсурҳои зерин иборат мебошанд: таҳияи Кодекси рафтори лоиҳа; татбиқи механизми муассири баррасии шикоятҳо (МБШ); курсҳои омӯзишии ҳатмии ибтидоӣ ва такмилдиҳӣ барои баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи баробарии гендерӣ ва зуроварии ҷинсӣ/истисмори ҷинсӣ ва сӯиистифода/таъқиби ҷинсӣ, ки ба тақвияти сиёсат ва тартиботи баробарии имкониятҳо, ки баробарии гендериро дар дастрасӣ ба шуғл ва имкониятҳои пешрафти касбии занон мусоидат мекунанд, бо тамаркуз ба афзоиши ҳиссаи занон дар вазифаҳои роҳбарӣ ва техникӣ; имконот барои дастгирии барномаҳои рушди малакаҳо барои занон ҷиҳати ба даст овардани фаъолияти корӣ; таъмини хизматрасониҳои нигоҳубини кӯдакон (масалан, муассисаҳои томактабӣ/боғчаҳо) барои имкон додани занон барои баҳра бурдан аз имкониятҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ; равандҳои машваратии баробар ва фарогир дар ҳама сатҳҳои татбиқи лоиҳа барои таъмини дарки нигарониҳо ва ниёзҳои занон ва ҳалли онҳо; инчунин беҳтар кардани шароити санитарӣ ва имкониятҳо барои занон дар лагерҳои корӣ.

  

Иштирокчиён бо нақшаи амали гендерии иборат аз чор самти калидӣ, ки дар асоси натиҷаҳои арзёбии гендерӣ таҳия шудааст, шинос шуданд: (1) таъин кардани шахсони масъул оид ба масъалаҳои гендерӣ аз байни ҷонибҳои манфиатдор; (2) баланд бардоштани иқтидориидоракунии хавфҳои марбут ба ЗГ/ИҶЗ/ТҶ дар майдон ё наздики НБО-и Роғун, дар минтақаҳои кӯчонидан, ҳамчунин дар се ташкилоти амаликунандаи лоиҳаи НБО Роғун ва пудрадчиён; (3) рушди имкониятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои занон ва духтарони зери таъсири лоиҳа қарордошта; ва (4) фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои занон ҳамчун кормандон дар макони нерӯгоҳи Роғун ё наздикии он ва дар се ташкилоти татбиқкунандаи лоиҳа (ҶСК Роғун, МЗС ва ГТЛ).

Дар натиҷаи вохӯриҳо, кормандон ҳам мушкилот ва ҳам қадамҳои амалии ҳалли ин мушкилотро ба таври возеҳ дарк карданд. Нақшаи амали гендерӣ харитаи роҳи равшанеро барои ворид кардани равиши гендерӣ ба татбиқи лоиҳа пешниҳод мекунад, ки устувории онро афзоиш медиҳад ва барои занон ва ҷомеаҳо дар маҷмӯъ манфиатҳои назаррас эҷод мекунад.

Ҳисобкунак

Flag Counter