ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тақвияти чораҳои бехатарии роҳ дар НБО-и Роғун тавассути ҷалби ҷомеа

 

19 феврали соли 2026 дар Роғун дар доираи татбиқи Лоиҳаи НБО-и Роғун як қатор вохӯриҳои ҳамоҳангсозӣ ва огоҳӣ бо иштироки намояндагони Гурӯҳи идоракунии лоиҳа - Намояндаи корфармо, Пудратчӣ, Маъмурияти шаҳри Роғун ва сокинони деҳаи Паси Муҳраҳо баргузор гардид.

Ин вохӯриҳо ҳамчун як қисми талошҳои пайвастаи гурӯҳ барои таъмини бехатарӣ дар роҳи деҳа, ки аз ҷониби воситаҳои нақлиёти лоиҳа ва ҷомеаи маҳаллӣ истифода мешаванд, ташкил карда шуданд. Лоиҳа мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи миллии танзимӣ, Нақшаи идоракунии ҳаракати нақлиётро таҳия кардааст, ки он барои баланд бардоштани бехатарӣ, беҳтар кардани ҳаракати нақлиёт ва таъмини ҳамоҳангии бефосила байни Лоиҳа ва ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ равона шудааст.

     

Намояндагони Лоиҳа дар ибтидо бо раиси шаҳраки Роғун Сунатулло Саидзода ва муовини ӯ Сафармамадзода мулоқот карданд, ки дар он Гурӯҳи идоракунии лоиҳа ва Намояндаи корфармо ҷузъҳои асосии Нақшаи идоракунии ҳаракати нақлиёт, аз ҷумла беҳбудиҳо дар инфрасохтори пиёдагард, аломатҳои роҳ, чораҳои идоракунии суръат ва механизмҳои назоратро муаррифӣ карданд. Раиси шаҳрак ташаббуси мазкурро дастгирӣ намуда, омодагии Маъмурияти шаҳрро барои ҳамкории зич ҳангоми татбиқ тасдиқ кард.

Ғайр аз ин, бо сокинони деҳаи Паси Муҳраҳо ҷаласаи иттилоотӣ баргузор гардида, ба онҳо ҳадафҳои Нақшаи идоракунии ҳаракати нақлиёт, чораҳои бехатарии банақшагирифташуда ва вазифаҳои гурӯҳи лоиҳа, пудратчӣ (TGEM) ва ҷомеа фаҳмонида шуданд. Муҳокима хеле созанда гузашта, сокинон пешниҳодҳои худро барои беҳтар кардани ҳаракати нақлиёт ва шароити роҳ фикру пешниҳодоти худро баён намуданд.

    

Аз байни намояндаҳои ҷомеа якчанд нафар ҳамчун вакил барои муоширати мунтазам бо намояндагони лоиҳа ва иштирок дар чорабиниҳои муштараки мониторингӣ, аз ҷумла боздидҳои ҳафтаина бо номи "Роҳпаймоии бехатарӣ" таъин карда шуданд. Илова бар ин, иштирокчиён дар бораи Механизми мавҷудаи баррасии шикоятҳо, ки канали расмӣ барои пешниҳоди саволҳо ё нигарониҳо мебошад, огоҳ шуданд.

Ин вохӯриҳо ӯҳдадории Лоиҳаро ба муоширати шаффоф, ҷалби ҷомеа ва такмили доимии стандартҳои бехатарӣ тасдиқ мекунанд. Татбиқи Нақшаи идоракунии ҳаракати нақлиёт ба беҳтар шудани ҳамоҳангсозӣ, шароити бехатарии роҳ ва рушди устувор ва масъулиятноки иҷтимоии Лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун мусоидат хоҳад кард.

Ҳисобкунак

Flag Counter