ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оғози бунёди хатти 220 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Қайроққум - Ашт

 

04.04.2014 , шаҳри Қайроққум

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди хатти 220 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Қайроққум - Ашт оғоз бахшид.

Оғози кашидани ин хатти барқӣ бо бардоштани нахустин пояи он дар ҳудуди шаҳри Қайроққум бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва масъулини соҳаи энергетикаи кишвар оғоз ёфт.

Тавре зикр гардид, дарозии ин хат 74 км буда, бо харҷи қариб 65 миллион сомонӣ маблағҳои грантӣ аз Бонки осиёии рушд ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то моҳи сентябри соли 2015 кашида мешавад.

Ба муносибати ин рӯйдоди фараҳбахш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳри Қайроққум ва ноҳияҳои Ашту Бобоҷон Ғафуров мулоқоти судманд анҷом дод.

Зикр гардид, ки бо фаъол гардидани ин хат ва зеристгоҳҳои нави он, ки бо таҷҳизоти навтарини стандарти ҷаҳонӣ дар шаҳри Қайроққум ва ноҳияи Ашт насб мегарданд, ноҳияи Ашт ба шабакаи ягонаи барқии кишвар пайваст мешавад. Амалӣ шудани ин тадбир имкон медиҳад, ки имкони интиқоли нерӯи барқ ба ноҳияи Ашт 4 баробар афзун шуда, талафоти техникии он коҳиш ёбад. Дар ин сурат имконоти таъмини аҳолӣ ва ҳам пойгоҳҳои обкашӣ хеле бештару беҳтар гардида, ҳамчунин имкони аз худ кардани заминҳои партову бекорхобида афзун мешавад.

Аз сомонаи President.tj

Видео

Бойгони

Ҳисобкунак

Flag Counter