ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«CASA-1000» -лоиҳаи муҳим ва сарнавиштсоз

 

Чанде пеш дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқоти иттилоотӣ оид ба муҳокимаи лоиҳаи рушди интиқоли неруи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ «CASSA-1000» баргузор гардид. Тавре аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, мақсад аз таҳияи лоиҳаи мазкур ба ҳам овардани механизми содироти неруи барқи зиёдатии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад.

Қобили зикр аст, ки моҳи марти соли ҷорӣ вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ва вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳазрат Умар Заҳилвол масъалаи сармоягузорӣ ва татбиқи ҳар чӣ зудтари лоиҳаи бузурги минтақавӣ — хати баландшиддати барқи «CASSA-1000»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Моҳи майи соли гузашта дар нишасти ҳайатҳои расмии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар шаҳри Дубай Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд ва Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) омодагии худро барои пуштибонии молӣ аз ин лоиҳа иброз доштанд. Вақтҳои охир ба хотири сармоягузорӣ намудани лоиҳаи «CASSA-1000» Федератсияи Россия низ ҳавасмандиашро изҳор намуд. Ин кишвар ишора кардааст, ки метавонад ба ин лоиҳа шарик шуда, тавассути он неруи барқи НБО-и «Сангтӯда-1»-ро вориди бозори энергетикии кишварҳои минтақа намояд. Дар иҷрои лоиҳаи «CASSA-1000» ҳанӯз бархе кишварҳои ҳамсоя ихтилофи назар доранд. Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳор медоранд, ки лоиҳаи мазкур манфиатовар нест, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон давоми сол иқтидори интиқоли миқдори зиёди қувваи барқро надоранд. Бо ин роҳ онҳо таваҷҷуҳи кишварҳои ба неруи барқ ниёзмандро ба неругоҳҳои ҳароратии кишварашон ҷалб намуда, чунин навъи истгоҳи барқиро қулай ва муҳим медонанд, аммо кишварҳои воридкунандаи барқ дурнамои лоиҳаи «CASSA-1000»-ро нисбат ба неругоҳҳои ҳароратӣ авлотар ҳисобидаанд.

Илова бар ин, бо иҷро шудани лоиҳаи «CASSA-1000» бозори минтақавии неруи барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ бо барқи арзон таъмин гардида, ба ин васила ҳамкориҳои энергетикии кишварҳо густариш меёбад. Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи энергетика, бо амалӣ гардидани ин ҳадаф ва бунёди НБО-и «Роғун» Тоҷикистон имконияти бештари содироти неруи барқро ба дигар мамлакатҳо пайдо менамояд. Инчунин ин иқдом барои таъсиси шабакаи ягонаи энергетикӣ дар минтақа ва бозори боэътимоди неруи барқ равона гардида, ҳаҷми содироти барқро таври бесобиқа баланд мебардорад. Аз сӯйи дигар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» метавонад миқдори зиёди неруи барқро ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ содир кунад. Лоиҳаи «CASSA-1000», бо назардошти сохтмони неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудааст, зеро мутобиқи гузоришҳо, ниёзи Ҷумҳурии Исломии Покистон ба неруи барқ солона то ҳашт фоиз афзуда, эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бошад, вобаста ба авзои дохили кишвараш рӯз ба рӯз зиёд мешавад. Моҳи апрели соли равон вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Қирғизистон Автандил Қалмамбетов зимни вохӯрӣ бо хабарнигорон изҳор дошт, ки яке аз мушкилоти ба таъхир афтодани иҷрои лоиҳаи «CASSA-1000» ба ноамниҳои Афғонистон рабт дорад. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати таъмини субот дар ин кишвар татбиқи лоиҳаи мазкур ба осонӣ роҳандозӣ мешавад.

Зикр бояд кард, ки моҳи январи соли 2010 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Қирғизистонро дар бораи таҳияи лоиҳаи сохтмони хати интиқоли барқи «CASSA-1000» ба тасвиб расонид. Маблағи лоиҳа тақрибан 700 миллион доллари ИМА буда, хати интиқоли барқ бо иқтидори 1000 мегаватт ва дарозии 750 километр, тавассути Тоҷикистон ва Қирғизистон сохта шуда, имкон фароҳам меорад, ки ин кишварҳо неруи барқи зиёдатии худро ба Афғонистон ва Покистон фурӯшанд. Дар назар аст, ки иҷрои лоиҳаи мазкур моҳи феврали соли оянда оғоз ёфта, баъди ба охир расидани он Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз Тоҷикистону Қирғизистон 300 мегаватт ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 1000 мегаватт неруи барқ харидорӣ мекунанд.

Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»

№57 (3042) 14.05.2013

Ҳисобкунак

Flag Counter