ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Брифинг дар бораи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об

 

Брифинг дар бораи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об

БРИФИНГ
дар бораи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд
роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, Душанбе, 20-21 августи 2013
(9 августи соли 2013)

Чунон ки маълум аст, имсол ҷомеаи байналмилалӣ, бино бар қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 65/154, ки муаллифаш кишвари мост, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро қайд менамояд.
Маросими оғози Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 11 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии кишвари мо иштирок ва суханронӣ намуд.
Илова ба ин, соли гузашта ва боз бо ташаббуси кишвари мо Маҷмаи Умумии СММ дар иҷлоси 67-уми худ дар чаҳорчӯби банди 20-уми рӯзнома («Рушди устувор») қатъномаеро (67/204) таҳти унвони “Татбиқи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” бо иттифоқи оро қабул намуд. Дар маҷмӯъ 48 кишвар, ки минтақаҳои гуногуни ҷаҳонро намояндагӣ мекунанд (Австралия, Арманистон, Афғонистон, Африкаи Ҷанубӣ, Баҳрайн, Бангладеш, Беларус, Бенин, Ветнам, Гайана, Гурҷистон, Ҷумҳурии Доминикан, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Коста-Рика, Ҷумҳурии Корея, Кувайт, Люксембург, Маврикий, Мағриб, Маҷористон, Мексика, Молдова, Монтенегро, Муғулистон, Науру, Непал, Покистон, Папуа-Гвинеяи Нав, Федератсияи Русия, Сербия, Суринам, Таиланд, Тимор-Лешти, Туркманистон, Украина, Фиҷи, Финляндия, Ҳиндустон, Чин, Ҳондурас, Шри-Ланка, Эритрея, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ямайка ва Япония), ба рӯйхати бониёни ин қатънома пайвастанд.
Қатъномаи мазкур дар қатори Муколамаи интерактивии сатҳи баланди Маҷмаи Умумӣ ва Ҳамоиши расмӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии захираҳои обӣ бахшида ба мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки мутаносибан дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк ва Гаага 22 март барпо гардиданд, баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи обро дар Душанбе 20-21 августи соли равон пешбинӣ кардааст. Дар Муколамаи интерактивии сатҳи баланд дар мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи об Сарвазири кишвари мо иштирок намуд. Баргузоркунандагони Конфронси Душанбе Ҳукумати Тоҷикистон ва СММ мебошанд.
Масъалаҳои омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд аз ибтидо дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар қарор доштанд. Мавзӯи мазкур низ дар мулоқоти машваратии Вазири корҳои хориҷӣ бо сафирон ва намояндагони доимии кишвари мо дар Аврупо ва СММ, ки дар Париж 12 феврали 2013 баргузор гардид, муҳокима шуда буд.
Ҳадафи Конфронси Душанбе мусоидат ба беҳбуди ҳамкорӣ дар соҳаи об, аз ҷумла ҳамкории фаромарзӣ, аз тариқи таблиғи таҷрибаҳои беҳтарин, иштироки ҳамаи тарафҳои манфиатдор, ташвиқ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар тамоми сатҳҳо барои мусоидат ба ноил шудан ба ҳадафҳое, ки дар сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи об ҳамоҳанг шудаанд, мебошад. Конфронси мазкур имкон хоҳад дод, ки раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола (2005-2015) дар мавриди захираҳои обӣ ва тавсияҳову пешниҳодҳо бобати тарҳрезии Ҳадафҳои рушди устувор (SDGs) барои давраи рушди пас аз соли 2015 муҳокима ва баррасӣ гарданд.
Мувофиқи лоиҳаи барномае, ки дар ҷаласаи дувуми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда 4 июл ҳамоҳанг шуд, Конфронс аз ду ҷаласаи умумии сатҳи баланд ва чаҳор мизи мудаввар дар мавзӯъҳои асосии зерин иборат хоҳад буд:
1) Ҳамкорӣ дар соҳаи об барои рушди инсонӣ;
2) Ҳамкорӣ дар соҳаи об барои манфиатҳои иқтисодӣ;
3) Ҳамкорӣ дар соҳаи об барои экосистемаҳо;
4) Ҳамкорӣ дар соҳаи об барои ояндае, ки мо мехоҳем.
Гузашта аз ин, ба барномаи Конфронс масъалаҳои ба истилоҳ бурранда (“cross-cutting issues”) дохил шудаанд, аз қабили:
1) Ҳамкорӣ дар соҳаи об ва масъалаҳои гендерӣ;
2) Ҳамкорӣ дар соҳаи об ва зарфиятсозӣ;
3) Ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ҳамнерӯсозии бахшҳо;
4) Ангезаву омилҳои барқарорсозии ҳамкорӣ дар соҳаи об
Дар ҳошияи Конфронс баргузории ҷаласаҳои канорӣ (side-events) дар мавзӯҳои гуногуни марбут ба об ва намоишгоҳи “Об моро муттаҳид мекунад” низ пешбинӣ гардидааст.


Ба Конфронс ҳайатҳои ҳамаи кишварҳои аъзои СММ, мақомоти роҳбарии СММ ва ниҳодҳои он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, созмонҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, созмонҳои ҳавзавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ, олимон ва мутахассисон, намояндагони расонаҳои гурӯҳӣ ва ғайра даъват шудаанд.
Интизор меравад, ки иштироккунандагони Конфронс авлавиятҳои асосиро дар мавриди ҳамкорӣ бобати ҳалли масъалаҳои обӣ муайян карда, тавсияҳоро дар бораи равишу афзорҳои муассири истифодаи захираҳои обии дарёву кӯлҳои фаромарзӣ, инчунин пайванди мутақобили ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар мавриди захираҳои обӣ таҳия хоҳанд намуд. Пешбинӣ шудааст, ки дар Конфронс санади ниҳоӣ қабул гардад.
Ҷиҳати омодагӣ ба Конфронси Душанбе мувофиқи Нақшаи чорабиниҳои аввалиндараҷа оид ба омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри 2012 тасдиқ шуда буд, тадбирҳои лозима андешида шуданд, аз ҷумла:
1. Кумитаи тадорукот бо роҳбарии Сарвазири кишвар (Вазири корҳои хориҷӣ яке аз ду муовини якуми Раиси Кумитаи тадорукот аст) таъсис ёфт;
2. Гурӯҳи корӣ ва Котиботи Конфронс бо роҳбарии Муовини якуми Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби кишвар (сардори Раёсати созмонҳои байналмилалӣ узви Гурӯҳи корист) таъсис ёфт.
3. Рамзи Конфронс таҳия ва қабул гардид;
4. Консепсияи Конфронс таҳия гардид;
5. Торнамои расмии Конфронси Душанбе амал мекунад, ки дар он тамоми маълумоти марбут ба Конфронс ҷо дода шудааст. Линки торнамои расмии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар соҳаи об дар торнамоҳои расмии Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафорату намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа корида шуд;
6. Кумитаи байналмилалии роҳбарикунандаи Конфронс, ки аъзои он 23 нафар коршиноси шинохтаи байналмилалӣ дар соҳаи об мебошанд, таъсис ёфт.
Конфронс дар бўстонсарои њукуматии “Кохи Сомон”) баргузор мегардад.
То ба имрӯз ҳамагӣ 52 кишвар иштироки худро дар Конфронси Душанбе тасдиқ карданд. Аз он ҷумла ҳайатҳо дар сатҳи раиси ҷумҳур, сарвазирон, вазирон ва дигар намояндагони воломақом сарварӣ мегарданд.
Зиёда аз 19 мақомоти роҳбарии созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Муовини Дабири кулли СММ дар масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҷаноби У Хунбо, Дабири иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо ҷаноби Свен Алкалай, Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова ва ғайра дар кори Конфронс иштирок хоҳанд кард.
Гузашта аз ин, теъдоди зиёди коршиносон ва олимон аз тариқи торнамои расмии Конфронс бархат (on-line) сабти ном шудаанд. Ин гурӯҳи иштироккунандагон шаҳрвандони 32 кишвари ҷаҳон ва намояндагони муассисаву созмонҳои гуногун мебошанд. Дар маҷмӯъ зиёда аз 800 нафар барои иштирок дар кори Конфронс то ба имрӯз сабти ном шудаанд.

Видео

Бойгони

Ҳисобкунак

Flag Counter